Таҷаммуъ назди Кохи Сафед дар маҳкумияти қатли Хошуқҷӣ
Груҳуе аз фаолони ҳуқуқи инсон дар Вашингтон таҷаммуъ карданд ва хоҳони иқдоми давлати Амрико зидди Арабистони саъудӣ дар парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди саъудӣ шуданд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Алҷазира, гуруҳе аз фаолони ҳуқуқи инсон рӯзи ҷумъа назди Кохи Сафед таҷаммуъ карданд ва аз давлати Амрико ба раёсати Доналд Трамп хостанд дар бораи қатли рӯзноманигори мунтақиди саъудӣ зидди режими Оли-сауд иқдом кунад.
Ҳамзамон шумори дигаре аз муътаризон дар маҳкумияти қатли рӯзноманигори арабистонӣ ва сукути мақомоти Кохи Сафед назди Сафорати саъудӣ дар Вашингтон таҷаммуъ карданд.
Дар ин таҷаммуъ Муҳаммад бин Салмон валиъаҳди саъудӣ, қотил хонда шуд ва муътаризон таъкид карданд, саъудиҳо ба ҷаҳон зарар расондаанд, ки ҳодисаи 11 сентябр яке аз намунаҳои он аст.
Додситонии умумии Арабистон эълом кард: Таҳкикот дар бораи марги Хошуқҷӣ ҳамчунон идома дорад ва дар ин парванда токунун 18 шаҳрванди саъудӣ боздошт шудаанд.
Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди Оли-саъуд, 2 октябри соли равон пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истамбул нопадид шуд ва ҳамон мавқеъ манобеъи турк эълом карданд, вай тавассути авомили вобаста ба режими Оли-сауд ба қатл расидааст.