Ҳимояти сарони кишварҳои осиёӣ ва аврупоӣ аз БАРҶОМ
(last modified Sat, 20 Oct 2018 13:05:55 GMT )
Октябр 20, 2018 18:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти сарони кишварҳои осиёӣ ва аврупоӣ аз БАРҶОМ

Ҳарчанд Амрико ҷузъи шаш кишваре буд, ки дар қолаби гурӯҳи 1+5 дар июли 2015 тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ-ро бо Эрон сурат доданд, аммо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳамвора мавзее алайҳи БАРҶОМ иттихоз карда ва онро ба масобаи бадтарин тавофуқ талаққӣ кардааст.

Саранҷом вай дар 8 майи 2018 хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ ва эъмоли муҷаддади таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон дар август ва ноябри 2018-ро эълом кард.

Ба рағми исрори Трамп барои пайравии дигар аъзои гурӯҳи 1+5 аз иқдоми вай, тройкаи аврупоии муташаккил аз Олмон, Фаронса ва Британия аз хостаи Амрико табаият накарданд.

Чину Русия ба унвони руқабои Амрико низ аз ин иқдоми Трамп ба шиддат интиқод карда ва хоҳони ҳифзи БАРҶОМ ҳастанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ масири мушобеҳе дар пеш гирифтааст.

Ба гуфтаи мақомоти аврупоӣ, давлатҳои осиёӣ низ ба далоили амниятӣ тамоюли зиёде ба иҷрои комили БАРҶОМ нишон додаанд.

Дар ин росто сарони кишварҳои осиёӣ ва Иттиҳодияи Аврупо дар Нишасти ҷумъа дар Париж бо эъломи ҳимоят аз БАРҶОМ ва муфид донистани он барои амнияти ҷаҳонӣ, бар пойбандӣ ба БАРҶОМ таъкид карданд.

Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо панҷшанбе дар дувоздаҳумин Нишасти дусолонаи Осиё ва Аврупо Asia–Europe Meeting (ASEM) гуфт: мавзеи кишварҳои осиёӣ дар ин нишаст дар бораи ҳифзи БАРҶОМ бо Аврупо ҳамсон аст.

Могеринӣ пештар гуфта буд: Созукори вижаи молӣ дар ноябри 2018 роҳандозӣ хоҳад шуд.

Мавзеи гурӯҳи ASEM ин аст, ки иқдоми Трамп дар заминаи хуруҷ аз БАРҶОМ бархилофи тааҳҳудоте аст, ки Амрико дар даврони раёсатҷумҳурии Барак Обама дар чорчуби қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони милал бар уҳда гирифтааст.

Ин амр ҳамчунин бархилофи асли мусаллами ҳуқуқи байналмилал яъне лузуми ифои тааҳҳудоти пазируфташуда аз сӯи давлатҳо аст.