Як тикка аз моҳ дар ҳароҷӣ фурӯхта шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38882-Як_тикка_аз_моҳ_дар_ҳароҷӣ_фурӯхта_шуд
Як тиккаи 5.5 килограммӣ аз шаҳобсанги моҳ, ки соли гузашта рӯи замин фуруд омада буд, дар ҳароҷӣ(яклӯхтфурӯшӣ) ба қиммати 612 ҳазору 500 доллар фурӯхта шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 20, 2018 15:28 Asia/Dushanbe
  • Як тикка аз моҳ дар ҳароҷӣ фурӯхта шуд

Як тиккаи 5.5 килограммӣ аз шаҳобсанги моҳ, ки соли гузашта рӯи замин фуруд омада буд, дар ҳароҷӣ(яклӯхтфурӯшӣ) ба қиммати 612 ҳазору 500 доллар фурӯхта шуд.

Ба гузориши Спутник, як тиккаи 5.5 килограммӣ аз моҳ, ки рӯйи замин суқут карда буд, ба қиммати беш аз 600 ҳазор доллар дар ҳароҷӣ фурӯхта шуд.

Ин сахра шаш бахше дар ҳақиқат як шаҳобсанги моҳ буд, ки як сол қабл дар минтақае дурафтода дар Мавритания (воқеъ дар шимоли Африқо) кашф шуд.

Ба гуфтаи муҳаққиқон ин яке аз қобили таваҷҷуҳтарин шаҳобсангҳои моҳ буда, ки то кунун кашф шудааст.

Андозаи ин шаҳобсанг бузург аст ва пӯстаи он дорои як ҳамҷуши ҷузъи аст, ки ба далели гармои шадид ҳангоми суқут ба замин ба вуҷуд омадааст.