Октябр 20, 2018 19:23 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори куштаҳои таркиши бомб дар Кобул

Шумори куштаҳои таркиши бомб дар Кобул, пойтахти Афғонистон ба 15 нафар афзоиш ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Пежвоки Афғонистон, рӯзи шанбе ҳамзамон бо баргузории интихоботи парлумонӣ дар Афғонистон бар асари таркиши бомб дар наздикии шӯъби ахзи раъй дар Кобул, 15 тан кушта ва 110 нафари дигар захмӣ шуданд.

Пештар манобеи афғон шумори куштаҳои ин инфиҷорро се нафар ва захмиҳоро 30 нафар эълом карда буданд.

Бино бар эъломи вазорати кишвари Афғонистон аз субҳи имрӯз ва ҳамзамон бо баргузории интихоботи парлумонӣ дар Афғонистон, 15 ҳамлаи террористӣ дар саросари ин кишвар рӯй додааст.