Октябр 22, 2018 22:16 Asia/Dushanbe
  • Имрон Хон: Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба куштори мардуми Кашмир вокуниш нишон диҳад

Нахуствазири Покистон ҳамалоти саркӯбгаронаи давлати Ҳинд ба мусулмонони бегуноҳи Кашмирро, маҳкум кард ва вокуниши ҷомеаи ҷаҳониро хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Имрон Хон саркӯби мардуми бедифо ва мазлуми Кашмир ба дасти нируҳои амниятии Ҳиндро таассуфбор хонд ва гуфт, маҷомеи байналмилалӣ бояд нақши пуррангтаре дар ҳалли ин мушкил дошта бошанд.

Нахуствазири Покистон афзуд, замони он расидааст, ки Созмони Милали Муттаҳид ба тааҳҳуди худ амал карда, давлати Ҳиндро маҷбӯр кунад ба ҳамалот алайҳи кашмириҳо поён диҳад.

Раҳбари Ҳизби ҳокими таҳрики инсофи Покистон таъкид кард, Исломобод ҳимоятҳои сиёсӣ ва инсонии худро аз мардуми муқовими Кашмир идома медиҳад.

Гуфтанист, дар саркӯби рӯзи якшанбеи мардуми Кашмир ба дасти низомиёни ҳиндӣ ҳаддиақал 14 нафар кушта шуданд, ки шаш нафари онҳо бар асари инфиҷор ҷон бохтанд.

Ҳинд солҳо аст, бо мустақар кардани ҳазорон низомӣ, манотиқе аз Кашмирро ба контроли худ дароварда ва дар се даҳа 68 ҳазор нафарро ба қатл расондааст.

Мардуми Кашмир хоҳони иҷрои қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва баргузории ҳамапурсӣ барои таъйини вазъияти ин минтақа ҳастанд.