Октябр 23, 2018 15:23 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши пазириши шаҳрвандии муҳоҷирони корӣ дар Русия

Ба гуфтаи коршиносон, дар ҳашт моҳи нахусти имсол шумори муҳоҷирони корӣ, ки шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши “Спутник”, дафтари матбуоти ташкилоти Федератсияи муҳоҷирони Русия иттилоъ дод, дар соли равон 172 ҳазору 860 нафар соҳиби шаҳрвандии Русия шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 4.2 дарсад афзоиш доштааст.

Мутахассисони ин ташкилот таъкид кардаанд, ки аксари муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои ИДМ ба Русия меоянд.

Бар асоси ин гузориш, аз моҳи январ то августи имсол 11 миллиону 960 ҳазору 763 муҳоҷири корӣ дар Русия сабти ном шудаанд, ки ин рақам нисбат ба соли қабл 12 дарсад коҳишро нишон медиҳад.

Аз сӯйи дигар, бино бар иттилои коршиносон, дар ҳашт моҳи нахусти имсол Русия ба беш аз 80 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ муҷаввизи кор додааст, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 14 ҳазор муҷаввиз коҳиш пайдо кардааст.

Коршиносон ҳамчунин таъкид карданд, ки дархостҳои муҳоҷирони корӣ барои зиндагии муваққатӣ дар Русия низ коҳиш ёфтааст.

Дар ҳашт моҳи нахусти соли равон 174 ҳазору 900 нафар барои гирифтани муҷаввизи зиндагии муваққат дар қаламрави Русия дархост кардаанд, дар ҳоле, ки соли гузашта ин нишондод 192 ҳазор нафарро ташкил медод.