Нишонаҳои дур шудани Амрико аз Арабистон
Бо тасмими Вазорати хориҷаи Амрико ба лағви раводиди 12 табааи Саудӣ, нахустин гоми Вашингтон барои муҷозоти Арабистон ба далели қатли Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори мунтақид бардошта шуд.
Ҳамзамон Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико эълом кард, мумкин аст, иҷрои қонуни магнитский дар мавриди Арабистон ба кор гирифта шавад.
Бо иҷрои ин қонун, таҳримҳое мутаваҷҷеҳи Арабистон хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки ба гузориши шабакаи Алҷазира, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои нахустин бор пас аз оғози буҳрони нопадид шудани Хошуқчӣ, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистонро масъули қатли ин рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ муаррифӣ кардааст.
Бо таваҷҷуҳ ба иқдомот ва мавозеи чанд рӯзи ахири мақомоти амрикоӣ, чунин ба назар мерасад, Кохи Сафед зери фишори сангини афкори умумӣ ва тайфи васее аз чеҳраҳои сиёсӣ-расонаии дохил ва хориҷи Амрико, саранҷом маҷбур шудааст, то аз саудиҳо, бавижа валиаҳди ҷавони Арабистон фосила бигирад.
Далоили мухталифе низ барои вокуниши шадиди сиёсатмадорони амрикоӣ алайҳи саудиҳо унвон шудааст.
Аввалин далел, наҳваи сар ба нест кардани як рӯзноманигори мунтақид дар консулгарии Арабистон дар кишвари дигарест, ки муҷиби хашми афкори умумӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Амрико шудааст.
Далели дувум, талоши Амрико барои саркисатар кардани хонадони Оли Сауд дар изои сарпуш гузоштан бар расвоии қатли Хошуқчӣ унвон шудааст.
Ричард Ҳаасс, раиси Шӯрои равобити хориҷии Амрико мегӯяд: Давраи чекҳои сафеди ҳимоятии Амрико барои Арабистон бояд поён ёбад, чаро, ки Муҳаммад бин Салмон худро хеле бемуҳоботар аз он нишон додааст, ки мустаҳаққи чунин ҳимояте бошад.
Ба назар мерасад, ки Вашингтон дар ниҳоят истифода аз нафти Арабистон ва баҳрамандӣ аз аташи саудиҳо барои харидҳои калони таслиҳотиро аз даст нахоҳад дод.