Филме барои омӯзиши роҳу чоҳ ба муҳоҷирони корӣ дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38990-Филме_барои_омӯзиши_роҳу_чоҳ_ба_муҳоҷирони_корӣ_дар_Русия
Маркази муҳоҷиратии чанд амалкард (бисёрфунксионал)-ии шаҳри Маскав бо пешниҳоди навори кӯтоҳи роҳнамо ба муҳоҷирони корӣ, қадам ба қадам роҳи қонунии кор ва фаъолият дар Русия аз рӯзҳои аввалро ба онон нишон додааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 25, 2018 17:21 Asia/Dushanbe

Маркази муҳоҷиратии чанд амалкард (бисёрфунксионал)-ии шаҳри Маскав бо пешниҳоди навори кӯтоҳи роҳнамо ба муҳоҷирони корӣ, қадам ба қадам роҳи қонунии кор ва фаъолият дар Русия аз рӯзҳои аввалро ба онон нишон додааст.

Тибқи ин навор, Мария шахсияти бозии роёнаӣ дар нақши як муҳоҷир роҳҳои дуруст ва нодурусти кору фаъолият дар Маскваро нишон медиҳад.

Дар ин навор шеваи патентгирӣ ва ҳифзи муҳоҷир аз фиреби корфармо намоиш дода мешавад.

Ин навор бо забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, азбакӣ, молдовӣ, украинӣ, туркӣ ва озарбойҷонӣ мунташир шудааст.