Октябр 27, 2018 13:22 Asia/Dushanbe
  • Гаравгон гирифтани шуморе аз шаҳрвандони афғонистонӣ ба дасти Толибон

Аъзои гурӯҳи Толибон 36 шаҳрванди афғонистониро дар маркази ин кишвар ба гаравгон гирифтанд.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Ғайраталӣ Ҷавоҳирӣ, узви Шӯрои вилоятии Дойкандӣ дирӯз, ҷумъа гуфт , аъзои гурӯҳи Толибон ин 36 афғонистониро дар вулусволии Каҷрони ин вилоят ба гаравгон гирифтанд.

Дар байни ин афрод кӯдакон ҳам ҳастанд.

Хабари дигаре аз ин хабаргузорӣ баёнгари он аст, ки Насираҳмад Фақирӣ, раиси Шӯрои вилоятии Ғазнӣ, дар шарқи ин кишвар ҳам ҳушдор дод, агар ба вазъияти шиканандаи амниятии шаҳри Ғазнӣ таваҷҷуҳ нашавад, имкони суқути дубораи шаҳр ба дасти аъзои гурӯҳи Толибон вуҷуд дорад.

 

Барчасп