Русия барои ҷанг омода мешавад
(last modified 2018-10-27T13:54:52+00:00 )
Октябр 27, 2018 18:54 Asia/Dushanbe
  • Русия барои ҷанг омода мешавад

Муовини Идораи манъи густариш ва контроли таслиҳоти вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, Амрико омодаи ҷанг мешавад ва Русия бояд барои дифо аз хок, усул ва арзишҳои худ омода бошад.

Ба гузориши хабаргузори Садо ва симои Эрон, Андрей Белоусов таъкид кард, кишвараш барои дифо аз худ дар баробари ҳар гуна таҳоҷум омодааст.

Муовини Идораи манъи густариш ва контроли таслиҳоти вазорати умури хориҷаи Русия афзуд, ба думболи онки Русия натавонист Маҷмаи умумии Созмони Милалро ба тасвиби қатънома дар ҳимоят аз Паймони мушакҳои ҳастаии миёнбурд мутақоид кунад, Русия барои ҷанг омода мешавад ва ман метавонам ин мавзӯро таъйид кунам.

Белоусов дар айни ҳол таъкид кард, ин Русия нест, ки барои оғози ҷанг омода мешавад ва тафовути бузурге миёни омодагии Русия ва Амрико вуҷуд дорад.

Вай афзуд, чунончӣ Амрико аз Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаии миёнбурд хориҷ шавад ва тавони ҳастаии худро ба шевае контрол нашуда тақвият кунад, бо воқеияти дигаре мувоҷеҳ хоҳем шуд.

Паймони мушакҳои ҳастаии миёнбурд, соли 1987 ҳамзамон бо Ҷанги сард байни расони ҷумҳурии вақти Русия ва Амрико ба имзо расид ва ду тараф тавофуқ карданд, зарродхонаҳои ҳастаии худро коҳиш диҳанд ва ба нобудии ҳамаи мушакҳои круз ё баллистик бо бурди байни 310 то 3400 моил мутааҳҳид шуданд.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико шанбеи гузашта эълом кард, кишвараш қасд дорад аз Паймони мушакҳои ҳастаии миёнбурд ба далели инки Русия ин паймонро нақз кардааст, хориҷ шавад.