Баёнияи нишасти сеҷонибаи Истанбул
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39123-Баёнияи_нишасти_сеҷонибаи_Истанбул
Шашумин нишасти сеҷонибаи вазирони умури хориҷаи Эрон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркия бо ҳузури Муҳаммадҷаводи Зариф, Элмор Муҳаммадёров ва Мавлуд Човушуғлу, рӯзи сешанбе дар кохи “Дулмо Боғча” -и шаҳри Истанбули Туркия бо судури баёнияе ба кори худ поён дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 31, 2018 12:25 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи нишасти сеҷонибаи Истанбул

Шашумин нишасти сеҷонибаи вазирони умури хориҷаи Эрон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркия бо ҳузури Муҳаммадҷаводи Зариф, Элмор Муҳаммадёров ва Мавлуд Човушуғлу, рӯзи сешанбе дар кохи “Дулмо Боғча” -и шаҳри Истанбули Туркия бо судури баёнияе ба кори худ поён дод.

Дар ин иҷлос дар бораи мавзӯоти мухталиф, аз ҷумла масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ ва тавофуқоти муштарак байни Эрон, Туркия ва ҷумҳурии Озарбойҷон ва низ ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм гуфтугӯ шуд.

Шашумин нишасти сеҷонибаи Эрон, Туркия ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳоле баргузор шуд, ки муносиботи иқтисодии Эрон аз як сӯ бо Туркия ва аз сӯйи дигар бо ҷумҳурии Озарбойҷон вориди арсаи ҳамкориҳое чандҷониба шудааст.

Ин иҷлосро аз се ҷанбаъ метавон боаҳамият талаққӣ кард:

Ҷанбаи нахуст, вуҷуди заминаҳои мусоид барои тақвияти ҳамгариаҳои минтақаӣ аст, ба вижа дар шароите, ки Амрико саъй дорад тасвире ғайривоқеӣ аз нақши минтақаии Эрон илқо кунад.

Ҷанбаи дувум, мавзӯоти сиёсӣ - иқтисодии матраҳшуда дар музокироти ин нишаст аст, ки дар чорчӯби ҳамгароӣ байни ҳамсоягон ва бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳои минтақаӣ аҳамияти роҳбурдӣ дорад.

Ҷанбаи севуми дорои аҳамият дар нишасти сеҷонибаи Истанбул, таваҷҷуҳ ба буҳронҳои минтақаӣ аст, ки нишон медиҳад дар ин замина метавон ба иштироки назар расид ва ин паёми хубе барои ҳама кишварҳои минтақа аст.

Афшор Сулаймонӣ, коршиноси масоили Қафқоз дар бораи аҳамияти ин ҳамкориҳо мегӯяд: “Эрон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркия ва Русия аз кишварҳое ҳастанд, ки аз зарфиятҳои геополтикӣ ва геоиқтисодӣ бархурдоранд ва дар канори якдигар метавонанд зарфиятҳои хуберо шакл диҳанд, ки муҷиби шаклгирии ҳамкориҳои ҷадид шавад”.

Акнун мавзӯи зиёде дар феҳристи ҳамкориҳои сеҷониба қарор дорад, ки доманаи он аз роҳгузари транзитии Шимол – Ҷануб то буҳронҳои минтақаӣ аз Сурия то Яман ва дар баҳси мубориза бо терроризм идома дорад. Дар батни ин ҳамкорӣ аҳдофи дигаре низ дар қолаби тарҳҳои иқтисодие монанди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дунбол мешавад, ки муҷиби тавсеа ва истеҳкоми муносиботи минтақаӣ хоҳад шуд.

Вазири умури хориҷаи Эрон мегӯяд, мавзӯоте ҳамчун ҳамкорӣ дар ҳавзаи пулӣ ва бонкӣ, сармоягузорӣ ва истифода аз арзҳои миллӣ, барои эмин нигаҳ доштани ҳамкориҳо ва равобити минтақаӣ аз дахолатҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои гумрукӣ аз тасмимоти муҳиме ҳастанд, ки ба эҷоди чорчӯби муштараки сеҷониба байни бахши хусусии се кишвар кумак мекунад.

Ин гомҳои муштарак дар ҳоле бардошта мешаванд, ки Амрико ба дунболи вогароӣ дар муносиботи минтақаӣ аст. Ин гуна тамосҳо ва нишастҳо метавонад дар эҷоди суботи бештар ва тавсеаи иқтисодии минтақа таъсироти муҳиме дошта бошад. Музокироти вазирони умури хориҷаи ҷумҳурии Эрон, Туркия ва ҷумҳурии Озарбойҷон ва баёнияи муҳиме, ки дар Истанбул мунташир шуд, ҳамин паёмро дорад. Ба иборате дигар метавон гуфт, таваҷҷуҳи Эрон ва кишварҳои ҳамсоя ба манофеи ду ва чанд ҷониба нишон медиҳад, кишварҳои минтақа ба дунболи густариши ҳамкорӣ ва ҳамгароӣ ҳастанд. Нишонаҳои ин ҳамгароиро метавон дар ҳимоят аз БарҶом ва дар мухолифат бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон дид, ки дар баёнияи Истанбул мунъакис гардидааст. Чунон ки вазири умури хориҷаи Эрон изҳор дошт, ҳар ду кишвари Туркия ва ҷумҳурии Озарбойҷон аз мавозеиЭрон дар хусуси таҳримҳо ҳимоят ва таъкид карданд, ки ҳамкориҳои худро бо Эрон идома хоҳанд дод.