Сентябр 11, 2016 09:51 Asia/Dushanbe
  • Талоши режими саҳюнистӣ барои наҷоти террористҳо дар Сурия

Мошинҳои саҳюнистӣ маҷрӯҳони гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар ҷануби Сурияро ба сарзаминҳои ишғолӣ мунтақил мекунанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии "ал-Маёдин"-и Лубнон, режими Исроил мошини ёрии таъҷилӣ мефиристад, то пайравоне аз гурӯҳ‎ҳои мусаллаҳро, ки дар даргирии мавсум ба "Қодисияи Ҷанубӣ" (номи амалиёти гурӯҳҳои террористӣ дар Қунейтра) захм бардоштаанд, ба марказҳои табобатии  қаламрави кишвари худ интиқол диҳад. Артиши Сурия ҳамвора дастаҳои гурӯҳҳои мусаллаҳ ва террористиро дар Қунейтра шикаст дода истодааст.

Бо оғози буҳрони Сурия дар моҳи марти соли 2011 артиши режими саҳюнистӣ борҳо ба манзури ҳимоят аз террористҳо мавзеъҳои нерӯҳои суриро дар манотиқи даргирӣ, бавижа минтақаи ишғолии Ҷавлони Сурия ҳадаф қарор додааст. Манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки артиши режими саҳюнистӣ рӯзи шанбе низ пойгоҳҳои артиши Сурияро дар наздикии Қунейтра ҳадаф қарор додааст.