Ҳинд юанро ҷойгузини доллар мекунад
(last modified Sat, 03 Nov 2018 09:19:05 GMT )
Ноябр 03, 2018 14:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳинд юанро ҷойгузини доллар мекунад

Ҳинд барои ҳифзи арзиши пули миллии худ дар муқобили доллар, дар назар дорад ба воридкунандагон иҷоза диҳад, баҳои бархе аз колоҳои воридотӣ аз Чинро ба юан пардохт кунанд.

Рӯзномаи “Экономик Таймс” навишт, ин барнома имкони табдили мустақим байни рупия ва юанро фароҳам мекунад ва ба коҳиши ҳазинаҳо ва пардохтҳо кумак мекунад.

Ин пешниҳод ба Ҳинд иҷоза медиҳад, содироти доруӣ, равғани зайтун ва шакар ба Чинро бо рупия ҳал кунад, аммо тиҷорати маҳсулоте бо ҳаҷми боло монанди электироника мисли қабл бо истифода аз доллар хоҳад буд.

Ба навиштаи ин рӯзномаи ҳиндӣ, ин ҳаракат боиси густариши нуфузи юан ва беҳбуди нақдинагӣ дар хориҷ аз кишвар хоҳад шуд. Ин навъ пардохт ниме аз тиҷорати байн кишварҳои мавсум ба БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои Ҷанубӣ) -ро низ ташкил додааст.

Коршиносон бар ин ақидаанд, ки Чин дар талош аст то тиҷорати дуҷониба бо Ҳиндро дар муқобили ҷанги таърифаӣ бо Амрико қарор диҳад. Бо ин ҳол, сиёсатмадорони Ҳинд нигарон ҳастанд, ки тавлидкунандагони ҳиндӣ натавонанд дар сурати афзоиши воридоти чинӣ бо ин барномаи арзӣ ҳамоҳанг шаванд.