Муҳосираи фурудгоҳи Деҳлии Нав дар пайи иштибоҳи аҷиби халабон
Иштибоҳи халабони ширкати ҳавопаймоии Афғонистон мавсум ба «Ориёно» боис шуд, то Фурудгоҳи байналмилалии Деҳли Нав тавассути нерӯҳои амнияти миллӣ ва зиддитерроризми Ҳинд муҳосира шавад.
Ба гузориши “Алъолам”, расонаҳои ҳиндӣ эълом карданд, ки халабони ҳавопаймои “Ориёно” дақоиқе қабл аз парвоз аз Фурудгоҳи байналмилалии Деҳлии Нав тугмаи ҳушдори одамрабоиро фишор додааст. Ин иштибоҳи халабони ҳавопаймои “Ориёно” боис шуд, то нерӯҳои амнияти миллии Ҳинд ва нерӯҳои зиддитерроризми ин кишвар Фурудгоҳи байналмилалии Деҳлии Навро муҳосира кунанд.
Нерӯҳои амниятии Ҳинд пас аз ду соат ба ҳавопаймои ширкати ҳавоии “Ориёно” иҷозаи парвоз доданд. Ин ҳавопаймо бо 133 сарнишин қарор буд, аз Деҳлии Нав ба Қандаҳор парвоз кунад, аммо иштибоҳи халабони ин ҳавопаймо сабаби масдуд шудани Фурудгоҳи байналмилалии Деҳлии Нав шуд.