Ноябр 12, 2018 15:27 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Русия бар сиёсати нафтии мустақили Эрон

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар 8 -уми майи соли 2018 хуруҷи Вашингтон аз БарҶом ва эъмоли муҷаддади таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон дар август ва ноябри 2018 - ро эълом кард.

Ин таҳримҳо дар ду давраи 90 ва 180 рӯза бозгашт, ки даври нахуст дар 6 -уми август эъмол шуд.

Даври ҷадиди таҳримҳои Амрико шомили таҳримҳои нафтӣ аз 5 –уми ноябр ҷорӣ шуд. Ҳадафи аслии Амрико мамониати комил аз фурӯши нафт ва низ ҳар гуна таомулоти молӣ, бонкӣ, тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни Эрон ва дигар кишварҳо ва дар ниҳоят фурӯпошии иқтисоди Эрон аст.

Бо вуҷуди талоши Амрико барои таҳрими комили нафтии Эрон, аммо ин корзор бо шикаст мувоҷеҳ шудааст. Ин нокомӣ бо таваҷҷуҳ ба авомиле монанди муқовимати харидорони нафти умдаи Эрон дар баробари хостаи Амрико, ҳароси Кохи Сафед аз паёмадҳои коҳиши арзаи нафт дар бозорҳои байналмилалӣ ва таъсири он бар афзоиши баҳои нафт рух додааст.

Бо ин ҳол, сиёсати нафтии пӯёи Эрон ва дар воқеъ дипломатияи нафтии Эрон дар ин замина бисёр муассир будааст. Дар ин росто Эрон зимни пайгирии роҳҳои мухталифи содирот ва фурӯши нафт, аз ҷумла арзаи он дар бурси энержии Эрон ва фурӯш ба харидорони хусусӣ, қарордоде низ барои фурӯши нафт бо Русия имзо кардааст.

Дар ин росто, байни Эрон ва Русия қарордоди хариди “Нафт дар ивази коло” дар ҳоли иҷро аст, ки бар асоси он ҳаҷми содироти нафти Эрон ба Русия панҷ миллион тон дар сол аст. Аввалин таҳвили маҳмулаи нафтии Эрон ба Русия дар чорчӯби ин қарордод дар ноябри 2017 ба ҳаҷми як миллион тон оғоз шуд. Маскав таъкид кардааст, ки барномаи “Нафт дар ивази коло” бо Эронро бо вуҷуди эъмоли фишорҳои Амрико идома хоҳад дод. Ин барнома барои 5 соли оянда низ идома хоҳад дошт.

Бо ин ҳол, ин тавофуқи нафтии бузург байни Эрон ва Русия монеъ аз рӯйи даст гирифтани сиёсатҳои мустақили нафтии Эрон ва идомаи рӯйкарди хоси Эрон дар қиболи ОПЕК нашудааст. Дар ин замина Александр Новак, вазири энержии Русия бо таъкид бар идомаи ҳамкориҳо бо Эрон дар арсаи энержӣ ёдовар шуд, Эрон дар оянда низ ба таври мустақил ба содироти нафти худ идома дода ва бо харидорони нафти ин кишвар мушорикат хоҳад дошт.

Ба гуфтаи Новак, Эрон омодагии онро дорад то дар оянда низ ба таври мустақил ба содироти нафти худ идома диҳад ва бо харидорони нафти худ мушорикат дошта бошад.

Таъкиди ин мақоми русӣ нишон медиҳад, ки ҳатто дар шароити кунунӣ, ки Эрон таҳти фишорҳои таҳримии шадиди Амрико дар заминаи нафт қарор дорад, аммо истиқлоли амали худ дар заминаи содироти нафтӣ ва низ сиёсати хоси нафтии худро ҳамчунон ҳифз кардааст.

Эрон дар ҳоли ҳозир аз суботи арзаи нафт ҳимоят карда ва бо афзоиши тавлид ва арза ба бозорҳои нафтӣ мухолиф аст. Дар ин росто дар нишасти ОПЕК дар Абудаби, ки кишварҳои узв ва ғайриузви ОПЕК ширкат доштанд, бар зарурати лузуми таҳияи роҳбурди ҷадид бар мабнои танзими тавлиди нафт таъкид шуд, ки аз ин тариқ битавон тарзи арза ва тақозоро дар бозор танзим ва бо набуди таодули арза ва тақозо дар бозор муқобила кард.

Дар ин нишаст бо таваҷҷуҳ ба коҳиши баҳои нафт қарор шуд, ки Арабистон дар моҳи ноябр ҳудуди 500 ҳазор бушка аз содироти нафтии худро коҳиш диҳад, ки ин зарбае ба сиёсати таҳрими нафтии Амрико дар қиболи Эрон хоҳад буд.

Ба гуфтаи Муртазо Беҳрӯзифар, коршиноси ҳавзаи энержӣ, замоне, ки шурӯи таҳримҳои Эрон зада шуд, ҷойи холии Эрон тавассути Арабистон ва махсусан Русия пур шуд. Ба далели афзоиши тавлиди ду кишвари мазкур қимати ҷаҳонии нафт коҳиш ёфт ва танҳо роҳи афзоиши қимат коҳиши тавлид аст. Ин ду кишвар бузургтарин содиркунандагони нафти дунё ҳастанд ва аз коҳиши қимати нафт бештарин зарарро хоҳанд дид. Бинобар ин чорае ба ҷуз коҳиши тавлид надоранд.

Кохи Сафед интизор дошт то бо таҳрими нафтии Эрон, камбуди арзаи нафт ба бозор тавассути бархе содиркунандагони нафтӣ ҷуброн шавад, ки акнун ин интизор ба яъс табдил шудааст.

 

Барчасп