Ноябр 12, 2018 18:56 Asia/Dushanbe

Бар асари таркиш наздики исти бозарас(постгоҳ)-ии пулис дар Кобул, пойтахти Афғонистон дастикам шаш нафар кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Ово, Наҷиб Дониш, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Афғонистон эълом кард, баъд аз зуҳри рӯзи душанбе як муҳоҷим маводи таркандаи ҳамроҳи худро наздик исти бозрасии пулис дар Кобул тарконд, ки дар асари он шаш нафар кушта ва 20 нафар захмӣ шуданд.

Шуморе пулис, зан ва кӯдак дар миёни куштаҳо ва захмиҳои ин таркиш ҳастанд.

Ин таркиш замоне рух дод, ки ҳазорон нафар аз мардуми Афғонистон дар эътироз ба ҳамалоти Толибон ба шаҳристонҳои Ҷоғурӣ ва Молистон дар вилояти Ғазнӣ, муқобили Кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар Кобул таҷаммӯъ карда буданд.

Ҳанӯз фард ё гурӯҳе масъулияти ин таркишро бар ӯҳда нагирифтааст.

Толибон имрӯз аз тасарруфи шаҳристони Молистон дар вилояти Ғазнӣ, хабар дод ва муддаӣ шуд, даҳҳо нирӯи амниятии афғонро кушта ва захмӣ кардааст.

Толибон ҳамалоти худро ба манотиқи ҳазоранишин аз ҷумла манотиқи Ҷоғурӣ ва Молистон шиддат додааст.