Ноябр 13, 2018 17:34 Asia/Dushanbe
  • Меҳрубонтарин шаҳри Русия кадом аст?

Санкт-Петербург ба унвони  меҳрубонтарин шаҳри Русия интихоб шуд.

Ба гузориши “Спутник”, сойти русии “tvil.ru” сездаҳуми ноябр, дар Рӯзи ҷаҳонии меҳрубонӣ бо анҷоми як ҳамапурсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мухотабони худ савол кард, ки дар кадом шаҳри Русия мардуми меҳрубонтар зиндагӣ мекунанд. Бар асоси натоиҷи ин ҳамапурсӣ, Санкт-Петербург бо 32 дарсади ороъ дар ҷойгоҳи аввал қарор гирифт. Пас аз Санкт-Петербург Краснодар бо касби 17 дарсад ороъ ҷойгоҳи дувумро касб кард ва ҷойгоҳи сеюм ба Севастопол, Қазон ва Петрозаводск бо касби 10 дарсади ороъ ихтисос ёфт.