Оштии ду Корея бо таъми занбурӯғ ва норангӣ
(last modified Tue, 13 Nov 2018 13:27:35 GMT )
Ноябр 13, 2018 18:27 Asia/Dushanbe
  • Оштии ду Корея бо таъми занбурӯғ ва норангӣ

Кореяи Ҷанубӣ дар вокуниш ба иқдоми Кореяи Шимолӣ, ки ба мақомҳои Сеул занбурӯғ ҳадя карда буданд, 200 тонна норангӣ (мандарин) ба Пхенян фиристод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Кореяи Ҷанубӣ дар вокуниш ба ирсоли занбурӯғ аз сӯйи мақомоти Кореяи Шимолӣ ба ин кишвар 200 тонна норангӣ дар ростои талошҳо барои беҳбуди равобити миёни ду кишвар фиристодааст. Мақомҳои Кореяи Ҷанубӣ хабар доданд, имрӯз ҳавопаймоҳои низомии ин кишвар бо 200 тонна норангӣ аз маҳсулоти ҷазираи ҷанубии Ҷиҷо ба сӯйи Пхенян парвоз карданд.

Баъд аз сеюмин дидори Ким Ҷон Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ ва Мун Ҷэй Ин, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ Пхенян ду тонна занбурӯғ ба Кореяи Ҷанубӣ ҳадя дода буд, ки ин занбурӯғҳо яке аз боарзиштарин маҳсулоти Кореяи Шимолӣ аст. Ким ҳамчунин ду саг ба Мун ҳадя дода буд.

Дар дидорҳои ахири мақомоти ду Корея тарафайн тавофуқ кардаанд, шароити ҷангӣ дар ин шибҳиҷазираро баъд аз гузашти шаш даҳа поён диҳанд.