Ибрози ризояти Шӯрои олии сулҳи Афғонистон аз нишасти Маскав
Шӯрои олии сулҳи Афғонистон нишасти Маскав дар хусуси раванди сулҳи ин кишварро мусбат арзёбӣ кард.
Ба гузориши ИРНА, Азизуллоҳ Динмуҳаммад, муовини Шӯрои олии сулҳи Афғонистон, ки дар нишасти Маскав ширкат карда буд, рӯзи сешанбе дар конфронси матбуотӣ дар Кобул гуфт, нишасти Маскав фурсате шуд, то намояндагони Толибон ва ин ниҳод бо дидгоҳҳои якдигар ошно шаванд. Ӯ афзуд, дар ин нишаст гурӯҳи Толибон инъитофпазирии хубе дошт ва танҳо пешшарти ин гурӯҳ барои гуфтугӯ бо давлат ироаи ҷадвали замонбандӣ барои хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон буд.
Нишасти сулҳи Маскав дар бораи Афғонистон бо мизбонии Русия ҷумъаи гузашта бо ҳузури намояндагони нуҳ кишвари минтақа, ҳайати эъзомии Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ва намояндагони Толибон баргузор шуд.