Ҷаҳаннами воқеӣ дар шаҳри "Биҳишт"- и Амрико + видео
Оташсӯзии азим дар шаҳри Калифорнияи Амрико то кунун ҳафт ҳазор сохтмонро вайрон карда ва осмони шаҳри "Породойс" (Биҳишт) - ро дуду хокистар фаро гирифтааст.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, бо вуҷуди ваъдаҳои мақомоти маҳаллӣ, оташсӯзӣ дар Калифорния, ки бузургтарин оташсӯзии таърих дар ин минтақа ба шумор меравад, сокинони ин минтақаро беэътимод ва нигарон кардааст.
Оташсӯзӣ дар Калифорния, ки аз рӯзҳои пеш оғоз шуда, чиҳилу чаҳор кушта бар ҷой гузоштааст ва 200 нафар низ нопадид шудаанд.
Ин оташсӯзӣ маргбортарин ҳодиса аз ин даст будааст ва вазиши боди шадид хомӯш кардани онро барои оташнишонон душвор кардааст.
Гузоришгари шабакаи "Франс 24" гуфт, шаҳри Породойс дар арзи чанд соат ба ҷаҳаннам табдил ва аз бистуҳафт ҳазор сокини худ холӣ шудааст.