Дарди сари парчами Покистон барои ҳунарпешаи маъруфи ҳиндӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39551-Дарди_сари_парчами_Покистон_барои_ҳунарпешаи_маъруфи_ҳиндӣ
Салмон Хон, бозигари матраҳи синамои Ҳинд барои барафроштани парчами Покистон дар саҳнае аз филми ҷадидаш бо унвони "Боҳорот" ба хашми умуми мардуми Ҳинд рӯ ба рӯ шудааст ва ба зудӣ муҳокима хоҳад шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 18, 2018 10:50 Asia/Dushanbe
  • Дарди сари парчами Покистон барои ҳунарпешаи маъруфи ҳиндӣ

Салмон Хон, бозигари матраҳи синамои Ҳинд барои барафроштани парчами Покистон дар саҳнае аз филми ҷадидаш бо унвони "Боҳорот" ба хашми умуми мардуми Ҳинд рӯ ба рӯ шудааст ва ба зудӣ муҳокима хоҳад шуд.

Ба гузориши ИРНА, эътирози мардуми Ҳинд баъд аз он иттифоқ афтод, ки Салмон Хон дар саҳнае аз филми “Боҳорот” дар марзи миёни Ҳинд ва Покистон парчами Покистонро дар хоки Ҳинд бармеафрозад. Бар асоси ин гузориш, эътирози мардум нисбат ба ин иқдоми бозигари ҳиндӣ чунон афзоиш ёфт, ки мунҷар ба қатъи филмбардорӣ шуд. Муътаризон бо таҷаммуъ дар муқобили меҳмонхонаи маҳалли иқомати Салмон Хон муҳокимаи ӯро хостор шуданд. Илова бар ин бархе аз мақомоти маҳаллӣ низ аз Салмон Хон ба додгоҳ шикоят кардаанд.

Кашмакаши миёни Ҳинду Покистон дар манотиқи марзии Кашмир борҳо иттифоқ афтодааст. Бо он ки Кашмир миёни ҳарду кишвар тақсим шудааст, ҳар яке аз кишварҳои Ҳинду Покистон ҳаққи идораи комили онро аз они худ медонанд. Нерӯҳои шибҳинизомии ин манотиқ низ хоҳони ташкили як давлати мустақил ҳастанд.

Миёни Ҳиндустон ва Покистон пас аз эъломи истиқлоли ҳарду кишвар аз истеъмори Бритониё дар соли 1947 ду бор ҷанги шадиде рӯй додааст.