Трамп бори дигар аз сиёсати «таҳаммули сифр» алайҳи муҳоҷирон ҳимоят кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39566-Трамп_бори_дигар_аз_сиёсати_таҳаммули_сифр_алайҳи_муҳоҷирон_ҳимоят_кард
Раисҷумҳури Амрико ба муҳоҷирон барои вуруд ба ин кишвар ва боздошти онҳо ҳушдор дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 19, 2018 10:44 Asia/Dushanbe
  • Трамп бори дигар аз сиёсати «таҳаммули сифр» алайҳи муҳоҷирон ҳимоят кард

Раисҷумҳури Амрико ба муҳоҷирон барои вуруд ба ин кишвар ва боздошти онҳо ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар паёме дар “Твиттер” хитоб ба паноҳҷӯён навишт: «Даврони гирифтану раҳо кардан мансух шуда, гирифтан ва боздошт кардан матраҳ аст». Трамп гуфт, муҳоҷирони ғайриқонуние, ки талош мекунанд, ба дохили хоки Амрико биёянд, боздошт ё ба кишвар худ бозгардонда хоҳанд шуд.

Раисҷумҳури Амрико бори дигар демократҳоро ба таъйиди лоиҳаи амнияти марзҳо ва сохти девор дар марзи муштарак бо Мексика фаро хонд. Трамп дар идомаи сахтгирӣ ва рафтори хашин бо муҳоҷирон таҳдид кардааст, ки бо эъзоми нерӯи низомӣ ба марзи Мексика бо афроди ин корвон, аз ҷумла занону кӯдакон муқобила мекунад.

Давлати Трамп дар моҳҳои ахир иҷрои сиёсати «таҳаммули сифр»-ро оғоз карда, ки бо ин иқдом бархе муҳоҷирон аз фарзандонашон ҷудо ва ба боздоштгоҳҳо фиристода шудаанд ва беш аз ду ҳазор кӯдак аз волидайни худ ҷудо афтодаанд. Ин иқдоми Трамп бо интиқодоти густурдаи дохилӣ ва ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шудааст.