Ноябр 19, 2018 14:18 Asia/Dushanbe
  • Идомаи душмании давлати Украина бо Русия

Раисҷумҳури Украина дар идомаи мавозеи зиддирусии худ ташдиди таҳримҳои Ғарбро алайҳи Маскав хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Петро Порошенко, раисҷумҳури Украина дар дидор бо ҳайате аз Институти миллии демократии Амрико ва парлумони Аврупо бо иддаои дахолати Русия дар интихоботи Украина бар лузуми ташдиди таҳримҳои Ғарб зидди Русия таъкид кард.

Ахиран Павло Климкин, вазири умури хориҷии Украина изҳор дошт, ки ташдиди таҳримҳои байналамилалӣ алайҳи Русия метавонад вокунише ба интихоботи ҷумҳурии худхондаи Донетск ва минтақаи Луганск бошад.

Равобити Русия ва Украина ба дунболи кудатои ғарбгароҳои ин кишвар алайҳи давлати вақт дар соли 2014 дучори таниш шудааст. Киев Маскавро масъули тамоми ин таҳаввулотро медонад, аммо мақомоти Русия зимни радди мудохила дар масоили Украина дар бораи талоши ин кишвар дар ҷиҳати густариши ҳузури низомии Амрико ва НАТО дар ҳамсоягии Русия ибрози нигаронӣ кардаанд.

 

Барчасп