Ноябр 20, 2018 17:12 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби пешнависи қатъномаи Покистон барои ҳимоят аз мардуми Фаластин ва Кашмир

Кумитаи сеюми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба иттифоқи ороъ пешнависи қатъномаи Покистонро барои ҳимоят аз ҳаққи таъйини сарнавишти мардуми Фаластин ва Кашмир ба тасвиб расонд.

Ба гузориш хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Малеҳа Лоди, намояндаи доими Покистон дар Созмони Милали Муттаҳид аз ҳимояти 83 кишвари ҷаҳон аз ин қатънома хабар дода гуфт, тасвиби ин қатънома бори дигар ҳаққи таъйини сарнавиштро барои ҳама мардумони ҷаҳон, ки дар ишғоли дигарон ба сар мебаранд, бавижа мардуми Фаластин ва Кашмир ба расмият шинохтааст. Намояндаи доими Покистон дар Созмони Милали Муттаҳид афзуд, ин қатънома аз тамоми кишварҳо ва ҳамчунин режими саҳюнистӣ хост, ки фавран мудохилаи низомӣ, ишғолгарӣ ва тамоми аъмоли саркӯбгаронаи худро мутаваққиф кунанд.