Ноябр 20, 2018 18:50 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи Помпео барои наҷоти Бин Салмон

Вазири умури хориҷии Амрико тарҳеро барои наҷоти Муҳаммад бин Салмон аз паёмадҳои қатли Ҷамол Хошуқҷи ба валиаҳди Арабистон ироа додааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алъолам”, Дэвид Ҳэрст, сардабири пойгоҳи “Мидл ист ай” дар гузорише ба нақл аз як манбаи саудии баландпоя навишт, Помпео ин тарҳро дар музокира бо Малик Салмон ибни Абдулазиз ва валиаҳди вай дар моҳи гузашта дар Риёз бо ҳадафи наҷоти Бин Салмон аз расвоии қатли Хошуқҷи ироа додааст. Ба навиштаи ин манбаъ, тарҳи Помпео муттаҳам кардани яке аз аъзои хонаводаи ҳоким бар Арабистон дар куштани ин хабарнигори Саудӣ барои эъломи бегуноҳии Бин Салмон аст.

Бар асоси эъломи ин манбаъ, қарор аст, агар фишорҳо бар Бин Салмон ғайриқобили таҳаммул шавад, ин тарҳ иҷроӣ шавад.

Помпео 16 октябр, замоне ки барои дидор бо Малик Салмон ва Муҳаммад, валиаҳди вай ба Риёз сафар карда буд, ҳамзамон бо афзоиши талоши маҳофили байналмилалӣ барои шиносоии омилони қатли Хошуқҷи ин тарҳро ироа дода буд.

Ба навиштаи пойгоҳи “Мидл ист ай”, Вазорати умури хориҷии Амрико ба дархостҳои мукаррари ин расона барои тавзеҳи далели сафари Помпео ба Риёз ва масоиле, ки дар он ҷо матраҳ шуд, ҳеҷ посухе надод.