Ноябр 20, 2018 19:55 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди тунди вазири дифои Бритониё аз тарҳи ташкили артиши аврупоӣ

Вазири дифои Бритониё аз тарҳи раисҷумҳури Фаронса барои ташкили артиши аврупоӣ интиқод кард.

Ба гузориши нашрияи “Дейли мэйл”, Гавин Виллиамсон, вазири дифои Бритониё бо интиқод аз пешниҳоди Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса барои эҷоди артиши аврупоӣ гуфт, Бритониё ҳаргиз бахше аз як артиши аврупоӣ нахоҳад шуд. Ӯ афзуд, ғояи артиши аврупоӣ танҳо рӯйи коғаз вуҷуд дорад ва Бритониё аз ин ғоя ҳимоят намекунад. Вазири дифои Бритониё ҳамчунин ҳушдор дод, ташкили артиши аврупоӣ сулҳу амнияти Аврупоро ба заъф мекашад.

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, ахиран, тарҳи ташкили артиши аврупоиеро матраҳ кард, ки бо мухолифати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико низ мувоҷеҳ шуд.