Трамп дар хидмати долларҳои нафтии саудиҳо
(last modified Wed, 21 Nov 2018 10:57:12 GMT )
Ноябр 21, 2018 15:57 Asia/Dushanbe
  • Трамп дар хидмати долларҳои нафтии саудиҳо

Саранҷом баъд аз чанд ҳафтаи интизор, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар мавриди гузоришҳо мабнӣ бар нақши валиаҳди Арабистон дар қатли Ҷамол Хошуқҷи баёнияе содир ва дар он ҳимояти комили худро аз Риёз эълом кард.

Дар ин баёния омадааст: “Ниҳодҳои иттилоотии Амрико ҳамчунон дар ҳоли арзёбии иттилоот ҳастанд, аммо ин эҳтимоли қавӣ вуҷуд дорад, ки валиаҳди Арабистон аз ин рӯйдоди мутаассиркунанда огоҳ буда бошад. Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки огоҳ буда ва шояд ҳам огоҳ набудааст”.

Бо ин ҳол Трамп аз интиқод аз Арабистон ва валиаҳди ин кишвар қавиян худдорӣ кард ва иллати онро қарордодҳои калони ин кишвар бо Амрико дар сафари соли гузаштаи худ ба Риёз эълом кард.

Ин баёния дар ҳоле содир шуд, ки афкори умумӣ дар дохил ва хориҷ аз Амрико аз наҳваи қатли Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди низоми подшоҳии Арабистон ба хашм омадааст. Тақрибан аксари давлатҳои ҷаҳон қонеъ шудаанд, ки Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди саудӣ дар ин моҷаро даст доштааст ва бо фармони вай Хошуқҷи дар консулгарии Арабистон пора - пора шуд.

Ҳатто Созмони иттилооти марказии Амрико (СИА) низ бин Салмонро дастурдиҳандаи ин қатл муаррифӣ кардааст. Дар Конгресси Амрико низ дархостҳои фароҳизбӣ аз сӯйи аъзои ниҳоди қонунгузорӣ барои қатъи фурӯши силоҳ ба Арабистон, фишор бар Риёз барои таваққуфи куштор дар Яман ва ҳатто қатъи ҳимояти Вашингтон аз бин Салмон ба унвони валиаҳд ва подшоҳи баъдии Арабистон матраҳ шудааст.

Бо ин ҳол, ба назар мерасад Трамп қасд дорад ба танҳоӣ дар баробари мавҷи эътирозоти ҷаҳонӣ ба иқдомоти саркӯбгароёнаи саудиҳо ва моҷароҷӯиҳои минтақаии валиаҳди Арабистон истодагӣ кунад. Ин рӯйкард ҳатто хашми ҳамҳизбиҳои Трамп дар конгрессро низ барангехта аст.

Сенатор Боб Коркер, раиси кумитаи бонуфузи равобити хориҷии сенат бо интиқод аз баёнияи Доналд Трамп дар ҳимоят аз Арабистони Саудӣ дар Твиттер навишт: “Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, шоҳиди рӯзе бошам, ки Кохи Сафед табдил ба идораи равобити умумии валиаҳди Арабистони Саудӣ шавад”.

Дигар сенатори ҷумҳурихоҳ, Ренд Паул низ дар интиқод аз ин баёния гуфт: “Ман комилан мутмаин ҳастам, ин баёнияи “нахуст Арабистони Саудӣ” буд, на “нахуст Амрико”.

Рӯйи даст гирифтани сиёсати “нахуст Арабистони Саудӣ”, ки Трамп дар минтақаи ғарби Осиё дунбол карда, ба буҳронҳо ва гирифториҳои бузурге мунҷар шудааст. Бин Салмон ба пуштгармии ҳимояти беқайду шарти Кохи Сафед, бузургтарин фоҷеаи инсонии ҳоли ҳозири ҷаҳонро дар Яман ба роҳ андохтааст, Қатарро дар муҳосира қарор додааст, нахуствазири Лубнонро дар амалиёте шабеҳи рабоиш водор ба истеъфо кард ва саранҷом як рӯзноманигори мунтақид ва мақоланависи як рӯзномаи амрикоиро дар консулгарии Арабистон дар кишвари дигаре қассобӣ кардааст.

Ин иттифоқот пеш аз судури баёнияи ҷанҷолии рӯзи сешанбеи Трамп анҷом гирифта буд. Аз ин рӯ метавон интизор дошт, бо чароғи сабзе, ки раисҷумҳури Амрико ба саудиҳо додааст, ҷиноёти ҳавлноктаре аз сӯйи мақомоти аршади Арабистон рух диҳад. Ин рӯйкард ба ошкортарин шакли мумкин, фидо шудани арзишҳои ахлоқӣ ва инсонӣ аз сӯйи давлати Амрико дар роҳи тасоҳуби долларҳои нафтии саудиҳоро нишон медиҳад.