Ноябр 26, 2018 11:51 Asia/Dushanbe
  • Украина ва Русия ба ҳолати омодабоши низомӣ даромаданд

Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Украина эълом кард, ки дар пайи таниши обӣ бо Русия дар баҳри Азов ин кишвар ба ҳолати омодабоши низомӣ даромада ва кумитаи низомӣ ташкил шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Александр Турчинов афзуд, Кумитаи низомии Украина ҳодисаи шаби якшанбе дар баҳри Азовро таҷовузи ҷангии Русия ба Украина қаламдод мекунад.

Даргирии рӯз якшанбе дар баҳри Азов замоне оғоз шуд, ки русҳо муддаӣ шуданд, ду киштии украинӣ бо як ядаккаш бо суръати боло дар ҳоли вуруд ба тангаи Керч ҳастанд. Ин танга баҳри Сиёҳро аз баҳри Азов ҷудо мекунад.

Дақоиқи кӯтоҳе баъд аз Созмони амнияти Русия хабар расид, ки ҷангандаҳои Русия бар фарози Азов ба парвоз даромаданд ва баҳри Азов бар рӯйи киштиҳои мусофирбарӣ баста шудааст.

Нишасти Кумитаи низомии Украина соати яки шаб ба вақти Маскав баргузор ва дар он лоиҳае барои омодабоши низомӣ ба муддати 60 рӯз ба парлумони Украина ироа шуд.

Созмони амнияти федералии Русия низ шомгоҳи якшанбе дар иттилоияе зимни эъломи омодабоши низомӣ дар минтақаи мавриди муноқиша бо Украина эълом кард, ки ду киштии кӯчак ва як ядаккаши Украинаро тавқиф кардааст. Манобеи огоҳи рус ҳамчунин гузориш доданд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина манотиқеро дар ҷумҳурии худхондаи Донетск гулӯлаборон кардаанд.

Русия ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти Созмони Милалро дар хусуси танишҳои ахир дар баҳри Азов хостор шуда ва ин нишаст қарор аст, баъд аз зуҳри рӯзи душанбе баргузор шавад. Аз сӯйи дигар миллигароёни украинӣ пас аз дарёфти иттилоъ дар бораи даргирии обии миёни Украина ва Русия муқобили сафорати Русия таҷаммуъ ва ба дохили сафорати норинҷаки оташу дудзо партоб карданд. Ҳанӯз аз масдумони эҳтимолии ин ҳодиса хабаре мунташир нашудааст.

Бархе аз таҳлилгарон дар Русия муътақиданд, ки Украина барои афзоиши фишори байналмилалӣ бар Русия дар остонаи нишасти сарони 20 кишвари саноатӣ (G20) амдан Русияро дар обҳои Қрим таҳрик мекунад.