Сафорати Русия дар Киев ҳадафи ҳамла қарор гирифт
Сафорати Русия дар Киев ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва як худрави дипломатӣ ба оташ кашида шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар пайи ин ҳамла, Маскав кордори сафорати Украина дар Русияро фарохонд.
Вуруди се киштии украинӣ ба обҳои сарзамини Русия дар Баҳри Азов ва иқдомоти таҳрикомези Украина, авзоъ дар ин минтақа ба шиддат муташанниҷ шуда ва ба гуфтаи нозирони масоили минтақа, эҳтимоли даргирии мустақим байни ду кишвар аз ҳамеша наздиктар аст.
Дар айни ҳол мудири кулли Созмони бандарҳои Қрим гуфт, ки тараддуди киштиҳои мусофирбарӣ дар халиҷи Керч, ки пас аз ҳодисаи дирӯз баста шуда буд, озод шуда ва ба ҳолати оддӣ баргаштааст
Ин танга дирӯз ба далели таниши дарёӣ миёни Русия ва Украина тавассути русҳо баста шуд.
Сервиси амнияти федералии Русия эълом кард, рӯзи якшанбе се киштии украинӣ бо нақзи маводи 19 ва 21 Конвенсияи Созмони милал дар бораи қонуни дарёҳо, аз марзи дарёии Русия убур карданд ва вориди обҳои сарзамини Русия шуданд ва бидуни таваҷҷуҳ ба ҳушдорҳо, аз Баҳри Сиёҳ ба сӯи тангаи Керч ҳаракат карданд.