Баҳонаи ҷадиди дабири кулли НАТО барои идомаи ҳузур дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39757
Дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) идомаи ҳузури тулонимуддати низомиёни хориҷӣ дар Афғонистонро бо баҳонаҳои наве, тавҷеҳ (асоснок) мекунад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 26, 2018 18:58 Asia/Dushanbe
  • Баҳонаи ҷадиди дабири кулли НАТО барои идомаи ҳузур дар Афғонистон

Дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) идомаи ҳузури тулонимуддати низомиёни хориҷӣ дар Афғонистонро бо баҳонаҳои наве, тавҷеҳ (асоснок) мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Йенс Столтенберг муддаӣ шуд, ДИИШ дар ҳоли густариши амалиёт дар Афғонистон аст ва ба ҳамин сабаб нирӯҳои НАТО бояд дар ин кишвар боқӣ бимонанд.

Дабири кулли НАТО афзуд, ҳузур ва фаъолияти Алқоида низ чолишҳое ҳастанд, ки НАТО дар ин кишвар бо он рӯбарӯ аст.

Вай гуфт, низомиёни хориҷӣ дар Афғонистон мемонанд, то аз бозгашти гурӯҳҳои такфирии дигар ба Афғонистон ҷилавгирӣ шавад ва ин гурӯҳҳо бахшҳои густурда аз хоки Афғонистонро дар ихтиёр надошта бошанд.

Изҳороти дабири кулли НАТО дар бораи ҷилавгирӣ аз ҳамалоти ДИИШ дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки низомиёни амрикоӣ ва НАТО борҳо ба ҳимояти майдонӣ аз ин гурӯҳи террористӣ, муттаҳам шуда ва дар бисёре аз даргириҳо байни Толибон ва ДИИШ, ҷангандаҳои Амрико мавозеи гурӯҳи Толибонро бомбаборон кардаанд.