Ашраф Ғанӣ: Сулҳи бидуни қайду шартро намепазирем
Раиси ҷумҳурии Афғонистон таъкид кард, сулҳ бо Толибон бидуни қайду шарт нахоҳад буд.
Ба гузориши Тасним, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рӯзи душанбе дар боздид аз яке аз пойгоҳҳои артиши Афғонистон гуфт, сулҳ бо Толибон қайду шарт дорад ва танҳо музокира бо ин гурӯҳ аст, ки бидуни қайду шарт аст.
Раиси ҷумҳурии Афғонистон ба шарте, ки давлати ин кишвар барои тавофуқи эҳтимолии сулҳ бо гурӯҳи Толибон дар назар гирифта, ишора накардааст.
Ашраф Ғанӣ мудирияти ҷанг ва барқарории сулҳ ва амниятро аз авлавиятҳои давлати Афғонистон донист, зеро набуди мудирияти ҷанг метавонад ба раванди сулҳ латма ворид кунад.
Раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳамчунин бар зарурати баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ барои ташкили давлати ҷадид дар ин кишвар таъкид кард.
Ахиран баъзе расонаҳо дар Афғонистон баҳсҳоеро дар бораи ташкили давлати муваққат дар ин кишвар матраҳ кардаанд, ки бо вокуниши давлати Кобул рӯбарӯ шуд.
Ин расонаҳо гуфтаанд, Залмай Халилзод намояндаи вижаи Амрико дар раванди сулҳи Афғонистон бо дархости гурӯҳи Толибон ташкили давлати муваққатро хостор шудааст.
Толибон ин иддаоҳоро рад карда ва онро талоше барои эҷоди шакку тардид дар байни аъзои ин гурӯҳ хондааст.