Ноябр 27, 2018 15:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳамроҳии Фейсбук бо сиёсатҳои террористии режими Исроил

Фейсбук интишори аксҳои фошшуда аз нерӯҳои вижаи режими саҳюнистӣ дар амалиёти ахири борикаи Ғаззаро мамнуъ кард.

Шомгоҳи якшанбеи 11 –уми ноябр теъдоде аз гуруҳи вижаи низомӣ (таковарон) -и артиши режими саҳюнистӣ бо мошине ғайринизомӣ вориди минтақае дар шарқи Хон Юнус шуда ва Нур Барака, аз фармондеҳони гурдонҳои шаҳид Изуддин Қисомро террор карданд. Гурдонҳои Изуддин Қисом, шохаи низомии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) ахиран бахше аз тасовири авомили ин амалиёти террористии режими саҳюнистӣ дар Хон Юнус ва мошинҳои мавриди истифодаи онҳоро дар Фейсбук мунташир карда буданд, ки интишори онҳоро мамнуъ кардааст.

Иқдоми зиддирасонаии Фейсбук, ки муғойир бо асли гардиши озоди иттилоот аст, дар ҳоле сурат мегирад, ки дар ибтидои соли 2018 сафаҳоти мутааллиқ ба ҳудуди сад нафар аз фаъолони фаластинӣ ва пештар низ сафҳаи 200 фаластиниро ба иттиҳоми таҳрик алайҳи режими саҳюнистӣ масдуд кард.

Гузоришҳои мухталиф нишон медиҳад, ки Фейсбук дорои пайвандҳои амиқи исроилӣ аст ва дар пушти он мафияе қарор дорад, ки аз як сӯ бо саҳюнистҳо ва аз сӯйи дигар бо мақомоти амрикоӣ муртабит аст. Моҳияти муассисон ва масъулони Фейсбук низ беш аз пеш аҳдофи пуштипардаи тарроҳӣ ва таъсиси чунин сайтеро намоён мекунад.

Марк Зукерберг, муассиси Фейсбук дар як хонаводаи яҳудии амрикоӣ мутаваллид шудааст. Сайти яҳудӣ ё ғайрияҳудӣ (Jew or not Jew), ки ҷое барои таъйини сиҳати яҳудӣ будан ё набудани ашхос маҳсуб мешавад, бар асоси баррасии шавоҳид ва меъёрҳое чандгона, нумраи болоеро ба Марк Зукерберг ихтисос додааст ва маънои он ин аст, ки вай ҷойгоҳи вижае миёни саҳюнистҳо дорад.

Дар феҳристе, ки рӯзномаи саҳюнистии “Ҷерусалим пост” аз 50 нафар аз таъсиргузортарин яҳудиён ироа додааст, Марк Зукерберг дар рутбаи чаҳорум қарор дорад. Аз ҷумлаи дигар гардонандагони яҳудии Фейсбук низ метавон ба Дустин Московитс, дӯсти Зукерберг, ки ба тавсеаи Фейсбук кумак кард ва низ Марк Андрессен, яке дигар аз сармоягузорони Фейсбук ва яке аз сармоягузорони ширкати “Шарикони бунёди Исроил” ишора кард.

Он чӣ ки беш аз ҳар чизе иддаои бетарафӣ ва мавзӯи шабакаи иҷтимоии сирф будани Фейсбукро зери суол мебарад, ҳамросто будани иқдомот ва фаъолиятҳои он бо сиёсатҳои Амрико ва Исроил аст. Илова бар ҷосусии ниёбатӣ аз корбарон, ин шабакаи ба зоҳир иҷтимоӣ бо ҳар гуна шаклгирии гурӯҳҳои иҷтимоӣ бар хилофи манофеъ ва аҳдофи сиёсатҳои Амрико ва саҳюнизм муқобила мекунад.

Намунаҳое аз ин амалкарди “супоришӣ” -ро метавон дар бархурд бо сафаҳоти фейсбукии ҳомии муқовимати мардуми Фаластин мушоҳида кард. Аз ҷумлаи боризтарини ин бархурд, ҳазфи сафҳаи даъват ба Интифозаи севуми мардуми Фаластин буд.

Манобеи хабарӣ аз ҷосусии Исроил аз ҳама корбарони Фейсбук ва Твиттер бо ҳамоҳангии дастандаркорони ин сайтҳо хабар додаанд. Дар ин замина Викиликс ифшо кард, режими саҳюнистӣ барои расади фаъолиятҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар саросари ҷаҳон, маркази фармондеҳии маҷозӣ дар Тел -Авив эҷод кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Фейсбук чанде пеш эълом кард, 87 миллион корбари ин шабака дар саросари ҷаҳон дар маърази ифшои иттилоот қарор гирифтаанд.

Ҷулиян Ассанж, муассиси Викиликс ахиран дар мусоҳибае бо “Раша Тудей” Фейсбукро “бузургтарин ва тарсноктарин мошини ҷосусӣ, ки то кунун ихтироъ шудааст” номид, ки дар хидмати қудратҳои султаҷӯ қарор дорад.