Оворагии беш аз 300 ҳазор нафар дар Афғонистон дар соли 2018
(last modified Tue, 27 Nov 2018 13:01:44 GMT )
Ноябр 27, 2018 18:01 Asia/Dushanbe
  • Оворагии беш аз 300 ҳазор нафар дар Афғонистон дар соли 2018

Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи Созмони Милал эълом кард, беш аз 300 ҳазор нафар аз ибтидои имсол дар Афғонистон овора шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи Созмони Милал дар Афғонистон рӯзи сешанбе эълом кард, 301 ҳазору 341 афғон аз ибтидои соли 2018 бар асари даргириҳо дар ин кишвар овора шудаанд.

Ин гузориш ба дунболи ташдиди даргириҳо дар саросари Афғонистон ва бадтар шудани вазъияти амниятӣ ва идомаи шӯришҳо, ки мардумро маҷбур кард, хонаҳои худро барои ёфтани маконҳои амнтар тарк кунанд, мунташир шуд.

Бо ин ҳол, бар асоси ин гузориш, шумори оворагон дар Афғонистон имсол 37 дарсад камтар аз муддати мушобеҳ дар соли гузаштааст. Мақомоти афғон ва созмонҳои башардӯст аз идомаи раванди оворагии хонаводаҳои афғон дар саросари ин кишвар ибрози нигаронӣ кардаанд.

Ин оворагиҳо бар зиндагии занону кӯдакони афғон таъсироти фаровоне гузоштааст, зеро онҳо ба имконоти беҳдоштӣ ва таҳсил дастрасӣ надоранд.