Эътирози 120 донишманд ба ислоҳи генетикии ҷинани инсон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i39780-Эътирози_120_донишманд_ба_ислоҳи_генетикии_ҷинани_инсон
120 донишманди иддаои ислоҳи генетикии ҷанини як дугоник тавассути донишманди чиниро маҳкум карданд ва ин иқдомро ғайрахлоқӣ ва девонагӣ донистанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 27, 2018 16:46 Asia/Dushanbe
  • Эътирози 120 донишманд ба ислоҳи генетикии ҷинани инсон

120 донишманди иддаои ислоҳи генетикии ҷанини як дугоник тавассути донишманди чиниро маҳкум карданд ва ин иқдомро ғайрахлоқӣ ва девонагӣ донистанд.

Ба гузориши ИРНА, ин донишмандон дар номаи саркушодае, ки ба сурати онлайн мунташир шуд, истифода аз технология барои тағйири генетикии ҷанини инсонро хатарнок ва ғайриқобили исбот хонда ва ин корро мӯҷиби бадномии ҷомеаи пизишкии Чин донистанд.

Профессор Ха Ҷёнко рӯзи гузашта иддао кард, ки нахустин фарзандони генетикии дунёро халқ кардааст. Ӯ бо интишори як видео дар “Ютуб” муддаӣ шуд, гени ду духтари дугоникро, ки ҳафтаи пеш ба дунё омадаанд, ба тавре ислоҳ кардааст, ин дугоникҳо дигар ба ВИЧ мубтало нахоҳанд шуд.

Дар номаи донишмандони муътариз ба ин тарҳи илмӣ омадааст, ба ахлоқи пизишкӣ барои ин таҳқиқ аслан таваҷҷуҳе нашудааст ва анҷоми озмоишҳои генетикии мустақим бар рӯй инсон девонагии маҳз аст. Ин донишмандон дархост карданд, то ҳол дер нашуда ва ин озмоишҳо бояд мутаваққиф шаванд.

Технологияи "Crispr-Cas9" ба донишмандон иҷоза медиҳад, то асоси ген ва ДНК-ро бо ҳадафи рафъи беморӣ дар оянда ба василаи генетика тағйир диҳанд.