Ноябр 28, 2018 19:55 Asia/Dushanbe
  • Даъвати расмии Русия аз раҳбари Ҳамос барои сафар ба Маскав

Сафири Русия дар Ромуллоҳ дар дидор бо раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос аз ӯ барои сафар ба Маскав, расман даъват кард.

Ба гузориши хабаргузории Маъо, Ҳайдар Рашид, сафири Русия дар Ромуллоҳ рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо Исмоил Ҳания, ин даъватномаро таҳвили вай дод.

Дар ин дидор Ҳания аз талошҳои Русия дар қиболи масъалаи Фаластин, қадрдонӣ кард ва сафири Русия низ гуфт, кишвараш барои ҳимоят аз масъалаи Фаластин ҳар коре лозим бошад, анҷом медиҳад.

Даъвати кунунии Русия аз Исмоил Ҳния дар шароите анҷом мегирад, ки Амрико тарҳи иддаоии худ (барои поён додан ба низои фаластинӣ-исроилӣ) мавсум ба «муомилаи Трамп»-ро тақрибан омода карда ва қасд дорад онро дар авоилт солт 2019 ироа диҳад.

Имсол (2018) чанд ҳайат аз Ҳамос ба Русия рафтанд ва бо мақомоти ин кишвар ройзанӣ(машварат) карданд.