Декабр 02, 2018 19:45 Asia/Dushanbe
  • 40 кушта ва захмӣ дар тирандозиҳои Амрико

Бар асари 44 мавриди тирандозӣ таи 24 соати гузашта дар иёлотҳои мухталифи Амрико, дастикам 5 нафар кушта ва 35 нафар захмӣ шуданд.

Ин тирандозиҳо дар иёлотҳои Пенсилвания, Ню-Ҷерси, Оклаҳома, Иллинойс ва Вирҷиния рух додааст.

Дар 48 соати гузашта, 146 мавриди тирандозӣ дар иёлотҳои мухталифи Амрико гузориш шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 43 нафар кушта ва 89 нафар захмӣ шудаанд.