Декабр 03, 2018 14:56 Asia/Dushanbe
  • 5 ҷилд аз тафсири Алмизон ба забони русӣ мунташир шуд

Абдулкарим Торос муҳаққиқ ва мутарҷими русӣ аз интишори 5 ҷилди нахусти тарҷумаи тафсири Алмизон ба забони русӣ хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, Абдулкарим Торос Чрининко аз муҳаққиқони мусулмон ва мутарҷими осори шиъа ба забони русӣ ва зодаи шаҳри Сантпетербурги Русия аст, ки нахустин мутарҷими наҳҷулбалоға ба забони русӣ буда ва акнун машғули шарҳи он ба забони русӣ аст.

Ӯ илова бар наҳҷулбалоға, осори дигаре ҳамчун Саҳифаи саҷҷодия ва мухтасари Мизону ҳикмат шомили 7 ҳазор ҳадиси муътабари шиъиро ба забони русӣ тарҷума кардааст.

Вай ба далели тасаллут ба забонҳои мухталиф, китобҳое аз арабӣ ва англисиро низ ба забони русӣ тарҷума карда, ки метавон ба тарҷумаи китоби "Иқтисод дуна"-и шаҳид Садр ишора кард. Ӯ дар авоили фурупошии камунист дар Русия ба Ислом гаравид ва мазҳаби аҳли байт (а)-ро баргузид. Торос дорои чанд мадраки донишгоҳӣ дар риштаҳои риёзӣ, иқтисод ва ҳавофазо аст. Ӯ дар конфронсҳое, ки дар кишварҳои мухталиф баргузор шуда ширкат дошта ва мақолаҳои мутаъаддиде бо меҳварияти Исломшиносӣ  пешниҳод кардааст. Яке аз тахассусҳои вай, корҳои бонкдорӣ ва молӣ аст ва ҳузури ӯ дар ин минтақаҳои мухталиф сабаб шуда, ки ба забонҳои англисӣ, арабӣ, урду ва форсӣ тасаллут ёбад.

Ин муҳаққиқи русӣ бо баёни инки тарҷумаи ин китоб ба забони русӣ дар ниҳоят 20 ҷилд хоҳад шуд, афзуд: ин кор бо ҳамкории намояндагии Ҷомеъатул Мустафо (с) дар шаҳри Маскав анҷом шуда ва барои аввалин бор аст, ки тафсири Алмизон ба русӣ чоп мешавад.