Декабр 05, 2018 21:19 Asia/Dushanbe
  • Ултиматуми Амрико ба Русия дар бораи Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар 20 октябри 2018 эълом кард, ки Амрико аз Паймони “нерӯҳои ҳастаии миёнбурд” INF хориҷ хоҳад шуд.

Баҳонаи аслии Амрико барои хуруҷ аз ин паймони роҳбурдӣ ва бисёр муҳим, нақзи мафоди он тавассути Русия аст.

Вашингтон муддаӣ аст, Маскав дар солҳои ахир сомонаҳои мушакиро тавсеа ва мустақар кардааст, ки бар хилофи завобити мундариҷ дар паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд аст.

Русия шадидан ин иттиҳоми Вашингтонро рад карда ва бар нақзи ин паймон тавассути Амрико таъкид мекунад.

Бо ин ҳол, Вашингтон ҳамчунон бар мавзеи худ таъкид мекунад.

Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико эълом кард, ки Вашингтон ба муддати 60 рӯз пойбандӣ ба Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурдро таълиқ хоҳад кард, то Маскав зарфи ин муддат тааҳҳуди амалии худро ба он нишон диҳад ва дар ғайри ин сурат аз ин паймон хориҷ хоҳад шуд.  

Мақомоти Вашингтон, Русияро ба фиребкорӣ дар иҷрои тааҳҳудоти марбут ба ин паймони контроли таслиҳотӣ муттаҳам ва иддао мекунанд, ки ҳеҷ нишонае мабнӣ бар пойбандии Маскав ба паймони INF вуҷуд надорад.  

Дар вокуниш ба ин таҳдиди Вашингтон, Сергей Шайго, вазири дифои Русия эълом кард: Дар нахустин вокуниш ба хуруҷи эҳтимолии Амрико аз паймони INF тавони низомии худро афзоиш медиҳем.

Ба назар мерасад, Амрико ба дунболи баҳонае барои хуруҷ аз паймони INF аст.

Трамп дар ин замина эълом кард: Амрико таслиҳоти ҳастаиашро тавсеа хоҳад дод, магар инки Русия ва Чин тавсеаи таслиҳоти ҳастаиашонро мутаваққиф кунанд.  

Аз дидгоҳи Вашингтон бояд Чин низ, ки башиддат машғули тавсеаи сомонаҳои мушакии кӯтоҳбурд ва миёнбурд аст, ба ин паймон бипайвандад.

Аммо аз нигоҳи русҳо низ бояд кишварҳои ҳастаии Аврупо яъне Фаронса ва Британия низ ба ин паймон бипайванданд.

 

Барчасп