Сентябр 13, 2016 12:00 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти Русия алайҳи ДИИШ ва Аннусра дар Сурия

Вазорати дифои Русия эълом кард, ки ҳамалоти ҷангандаҳои ин кишвар алайҳи мавозеи ДИИШ ва Аннусра дар Сурия идома хоҳанд ёфт.

Ба гузориши хабаргузории "Скай-нюс", Вазорати дифои Русия рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, бо вуҷуди оташбас дар Сурия, ҳамалоти ҷангандаҳои Русия алайҳи мавозеи ДИИШ ва Аннусра дар ин кишвар идома хоҳанд ёфт.

Вазорати дифои Русия афзуд, Вашингтон то кунун омори мавозе Аннусра дар Сурияро ироа накарда ва Маскава ба ҳамалоти худ алайҳи террористҳо идома хоҳад дод.

Вазорати дифои Русия ҳамчунин таъкид кард, бо истифода аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин (ПАҲПОД), бар иҷро шудани оташбас дар Сурия назорат хоҳад кард ва маркази ҳамоҳангии муштарак байн Русия ва Амрико барои таъйини аҳдофе, ки эътилоф ва Маскав ба он ҳамла хоҳанд кард, таъсис мешавад.

Вазорати дифои Русия дар идома бар зарурати таваққуфи ҳамалоти Артиши озод алайҳи курдҳои сурӣ таъкид кард.

Ҷон Керри, вазири хориҷаи Амрико ҷумъашаби гузашта дар поёни музокирот бо Сергей Лавров, ҳамтои руси худ дар Женева, аз тавофуқ бар сари нақшаи роҳе барои оташбаси Сурия ва ҳамчунин оғози фароянди амалиёти сиёсӣ дар ин кишвари ҷангзада хабар дод. Давлати Сурия бо тавофуқи оташбаси пешниҳодии Амрико ва Русия мувофиқат карда ва оташбас аз душанбе амалӣ шудааст.