Декабр 08, 2018 12:43 Asia/Dushanbe
  • Олудагии ҳаво беш аз як миллион ҳиндиро ба коми марг кашонд

Созмони саломати “Лонсет” эълом кард, ҳавои бисёр олуда ва заҳролуди Ҳинд дар соли 2017 ҳудуди як миллиону 240 ҳазор нафарро дар ин кишвар ба коми марг кашонд, ки ин рақам 12.5 дарсад аз кулли омори маргу мир дар Ҳинд дар соли гузашта аст.

Ба гузориши ИРНА, дар ин гузориш, ки ба ҳиммати муҳаққиқон ва муассисаҳои мухталифи ҳиндӣ ва байналмилалӣ таҳия шуда, омадааст: Беш аз 51 дарсад аз афроде, ки ба далели олудагии ҳавои Ҳинд ҷони худро аз даст додаанд, афроди камтар аз 70 сол ҳастанд.

Деҳлии Нав - пойтахти Ҳинд соли гузашта дорои бештарин олудагии зарроти муаллақ камтар аз 2.5 микрон будааст.

Донишгоҳи Чикаго дар гузориши ҷудогонае, ки моҳи гузашта мунташир шуд, эълом карда буд, ки қарор гирифтани тӯлонимуддат дар як фазои олуда метавонад тӯли умри шаҳрвандони ҳиндиро то 4 сол коҳиш диҳад.

Дар ду моҳи гузашта сатҳи олудагии ҳавои Деҳлии Нав байни шадид ва саммӣ дар ҳоли тағйир будааст.

Авоили имсол Созмони Тандурустии Ҷаҳонӣ дар гузорише эълом кард, ки 14 шаҳри бисёр олудаи ҷаҳон дар Ҳинд ҳастанд ва Деҳлии Нав, пойтахти Ҳинд дар радифи олудатарин шаҳрҳои ҷаҳон аст.