Масъули расонаии ДИИШ дар Афғонистон боздошт шуд
Декабр 09, 2018 12:33 Asia/Dushanbe
Неруҳои амниятии Афғонистон рӯзи шанбе масъули расонаии гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишварро дар вилояти Нангарҳор, шарқи Афғонистон боздошт карданд.
Мақомоти маҳаллии вилояти Нангарҳор эълом карданд, неруҳои амниятии Афғонистон, Айюбӣ масъули расонаии гурӯҳи террористии ДИИШ ва 2 узви дигари ин гурӯҳи террористиро дар шаҳристони Беҳсуди ин вилоят боздошт кардаанд.
Вилояти Нангарҳор, маркази аслии фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон ба шумор меравад.
Мақомоти афғон борҳо эълом кардаанд, гурӯҳи террористии ДИИШ аз кумакҳои молӣ ва таслиҳотии хориҷӣ дар Афғонистон бархурдор аст.
Амрико ва муттаҳидонаш аз соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон ҳузур доранд.