Декабр 10, 2018 11:40 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли сулҳ бо Толибон пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Афғонистон

Раиси ҷадиди дабирхонаи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон аз эҳтимоли барқарории сулҳ бо Толибон пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар хабардод.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Умар Довудзай гуфт, вазъияти ҷадиде дар раванди сулҳи Афғонистон, бавуҷуд омада ва мумкин аст давлат пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ бо Толибон дар заминаи барқарории сулҳ ва поёни ҷанг ба тавофуқ бирасад.

Раиси ҷадиди дабирхонаи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон афзуд, мардум хоҳони таъмини амният ва субот дар кишварашон ҳастанд, зеро аз идомаи ҷанг хаста шудаанд.

Гурӯҳи Толибон озодии зиндониёни худ, хурӯҷи низомиёни хориҷӣ ва ҳазфи номи сарони Толибон аз феҳрасти сиёҳи Амрико ва Шӯрои амнияти Созмони Милалро муҳиммтарин пешшарт барои музокираи сулҳ бо давлати Ашраф Ғанӣ эълом кардааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон қарор аст, бистуми апрели соли 2019 баргузор шавад.