Монеътарошии саудиҳо барои ҳарифи Эрон дар ҷоми миллатҳои Осиё
(last modified Mon, 10 Dec 2018 13:31:29 GMT )
Декабр 10, 2018 18:31 Asia/Dushanbe
  • Монеътарошии саудиҳо барои ҳарифи Эрон дар ҷоми миллатҳои Осиё

Бозии дӯстонаи тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Яман ба сабаби монеътарошии Арабистон, баргузор нашуд.  

Тими миллии футболи Яман аввалин ҳарифи Эрон дар ҷоми миллатҳои Осиё қарор буд, дар кишвари Қатар урдуи омодагӣ барпо кунад, аммо Арабистон монеи барпоии ин урду шудааст.

Ҳамчунин қарор буд, тими миллии футболи Тоҷикистон дар Доҳа дидоре дӯстона бо тими Яман дошта бошад, вале таъхир дар баргузории урдуи омодагии яманиҳо дар Доҳа боис шуд, ин дидор баргузор нашавад.

Арабистон сафари тими миллии Яман ба Қатар барои барпоии урдуи як моҳа ва баргузории се бозии тадорукотии барномарезишударо мамнуъ кард ва ин урду қарор аст, дар Риёз идома дошта бошад.

Тими миллии футболи Яман аввалин ҳарифи Эрон дар Ҷоми миллатҳои футболи Осиё аст.