Декабр 10, 2018 19:32 Asia/Dushanbe
  • Таътилии танҳо муассисаи омӯзиши забони арабӣ дар Чин

Рӯзномаи чинӣ навишт, Муассисаи омӯзишии забони арабии Чин дар чорчуби сиёсатҳои давлати Пекин барои муқобила бо ифротгароӣ ва терроризм, пас аз 34 сол фаъолият таътил шуд.  

Рӯзномаи Совс Чайна, чопи Гонконг рӯзи душанбе гузориш кард, мадрасаи Пинг Лианг дар устони Гансу дар шимоли ғарби Чин, ки аз манотиқи мусулмоннишини ин кишвар маҳсуб мешавад, фаъолият мекардааст.  

Рӯзномаи гонконгӣ менависад: Муаллимони ин мадраса, ки муассисаи омӯзишии забони арабӣ будааст, ҳаргуна иқдом дар чорчуби омӯзишҳои ифротгароёнаро такзиб кардаанд, аммо масъулони амниятӣ гуфтаанд, мадраса ин ҳафта таътил мешавад ва ба 200 донишомӯз ва 20 муаллими он низ эълом шудааст, ки мадрасаро тарк кунанд.

Ин мадраса аз 1984 токунун фаъолият мекардааст, аммо ҳоло масъулони фоқиди муҷаввиз фаъолият надоштааст.  

Пинг Лианг як шаҳри бисёр кӯчак байни устони Гансу ва устони Шааншӣ дар шимоли ғарби Чин аст ва яке аз фақиртарин шаҳрҳои ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Ҳудуди ду дарсади ҷамъияти Чин мусулмон ҳастанд, вале шумори онҳо дар омори расмӣ 22 миллион нафар эълом мешавад.