Декабр 12, 2018 12:32 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми ҷадиди Амрико ба Эрону Тоҷикистон ва 11 кишвари дигар

Вазири хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе дар баёнияе Эрон, Тоҷикистон ва 11 кишвари дигарро ба нақзи озодиҳои мазҳабӣ муттаҳам кард.

Ба гузориши “Алолам”, Майк Пампео дар баёнияи худ аз Эрон, Тоҷикистон, Чин, Кореяи Шимолӣ, Покистон, Судон, Туркманистон, Миёнмор, Эритрея ва Арабистони Саудӣ ба унвони кишварҳое, ки муртакиби нақзи низомманди озодиҳои мазҳабӣ шудаанд, ном бурдааст.

Вазири хориҷаи Амрико ҳамчунин дар ин баёния Комор, Русия ва Узбакистонро дар феҳристи вижаи кишварҳое, ки муртакиби нақзи шадиди озодиҳои мазҳабӣ шудаанд ва ё иқдоме барои ҷилавгирӣ аз он анҷом надодаанд, қарор додааст.

Пампео дар ин баёния муддаӣ шуд, иртиқои ин навъ озодӣ аз авлавиятҳои муҳими давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар арсаи сиёсати хориҷӣ аст.

Иқдоми вазири хориҷаи Амрико дар қарор додани номи Эрон дар феҳристи кишварҳои ноқизи озодиҳои мазҳабӣ дар ҳоле аст, ки ақаллиятҳои мазҳабӣ дар Эрон ҳамонанди мусалмонон дар ҷомеаи исломии Эрон дорои ҳуқуқи баробар ва дар Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон низ дорои намоянда ҳастанд.

Гузоришҳои ҳуқуқи башари Амрико ҳамвора ба далели равишшиносии нодуруст, стандартҳои дугона, ғаразварзӣ ва риоят накардани асли бетарафӣ, нодида гирифтани фарҳанги бумӣ ва сабки зиндагии дигар иҷтимоот ва мудохилаҷӯӣ дар умури дохилии кишварҳо, мавриди интиқоди кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар будааст.