Декабр 12, 2018 20:19 Asia/Dushanbe
  • Сӯитағзия балои ҷони 19 миллион нафар дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ

Созмони хорубор ва кишоварзии милали муттаҳид дар гузориши ҷадиди худ эълом кард, 14 миллион бузургсол ва ҳудуди 5 миллион кӯдак дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз мушкилоти марбут ба сӯитағзия ранҷ мебаранд.  

Ариеле Глинӣ, коршиноси ФАО дар ин росто гуфт: Бояд вазъияти гурӯҳҳои мухталифи мардумро баррасӣ кунем ва мушкилоти ҷиддӣ монанди фақр ва нобаробарии иқтисодӣ ва иҷтимоиро ҳал кунем.

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ теъдоди афроди дучори сӯитағзия дар солҳои 2016-2017 афзоиш ёфтанд.

Дар минтақаи Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва бархе кишварҳои аврупоӣ занон бештар аз мардон аз сӯитағзия ранҷ мебаранд.  

Дар ин гузориш ҳамчунин ба масоиле монанди изофавазн, чоқӣ ва камбуди маводи мағзӣ ишора шудааст.

Миллионҳо нафар ҳануз аз камхунии ноши аз камбуди маводи мағзӣ ранҷ мебаранд.