Роҳандозии пойгоҳе интернетӣ дар мавриди мафоҳими исломӣ ба забони фаронсавӣ
(last modified Thu, 13 Dec 2018 07:39:49 GMT )
Декабр 13, 2018 12:39 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии пойгоҳе интернетӣ дар мавриди мафоҳими исломӣ ба забони фаронсавӣ

Бунёди Исломи Фаронса (FIF), бо ҳадафи равшан сохтани мафоҳим ва мавзӯъоти дини мубини Ислом пойгоҳе интернетӣ роҳандозӣ кард.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, бунёди Исломи Фаронса (FIF) бо қарор додани наздик ба панҷоҳ видеои омузишӣ, гоҳшумор ва феҳрести алифобоӣ, корбарони фаронсавизабонро дар мавриди мафоҳими исломӣ ва тафовути онҳо бо якдигар огоҳ мекунад.

Бунёди Исломи Фаронса (FIF) бо ҳадафи равшан сохтани мафоҳиме аз ҷумла "шиъа" ва "суннӣ", "шариъат" ва "ҷиҳод", "ҳадис" ва "фатво", ин пойгоҳи интернетиро роҳандозӣ кардааст.

Бар асоси ин гузориш, дар таҳияи видеоҳои мунташиршуда дар ин пойгоҳ, ки "Нури Ислом" ном дошта ва нишонии он "https://campuslumieresdislam.fr/fr" аст, устодҳои маъруфи донишгоҳҳои Фаронса  ширкат кардаанд.

Пойгоҳи интернетии "Нури Ислом" дар ҳоле дар Фаронса роҳандозӣ шуд, ки давлати ин кишвар дар солҳои ахир қонунҳои мутаъаддидеро барои маҳдудияти фароизи динии мусулмонон аз ҷумла намоз дар маконҳои умумӣ вазъ кардааст.

Давлати Фаронса, ҳамчунин маҳдудиятҳо барои пушиши исломӣ ва ҳиҷоби занони мусулмонро афзоиш додааст.

Исломситезӣ дар Аврупо, таи солҳои ахир ба шиддат афзоиш ёфта ва давлатҳои ғарбӣ мекӯшанд бо унвонҳои мухталиф аз фаолиятҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии мусулмонон пешгирӣ кунанд.