Декабр 19, 2018 20:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори шадиди Путин ба Вашингтон: Тақвияти нерӯи ҳастаии Русия

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар 20 октябри 2018 эълом кард, ки Амрико аз паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд (INF) хориҷ хоҳад шуд.

Баҳонаи аслии Амрико барои хуруҷ аз ин паймони роҳбурдӣ ва бисёр муҳим, нақзи мафоди он тавассути Русия аст.

Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико низ дар 4 декабр эълом кард, ки Вашингтон ба муддати 60 рӯз пойбандӣ ба паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурдро таълиқ хоҳад кард, то Маскав зарфи ин муддат тааҳҳуди амалии худро ба он нишон диҳад ва дар ғайри ин сурат аз ин паймон хориҷ хоҳад шуд.  

Мақомоти Вашингтон, Русияро ба фиребкорӣ дар иҷрои тааҳҳудоти марбут ба ин паймон муттаҳам мекунанд. Аммо Русия иттиҳомоти Амрикоро беасос медонад.

Ба гуфтаи Александр Фомин, муовини вазири дифои Русия: Маскав бо диққати зиёд INF-ро риоят кардааст ва иттиҳомоти ворида аз сӯи Амрико ҳеҷ появу асосе надорад.  

Дар ин росто Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар нишасти ахири худ бо ҳушдор нисбат ба авоқиби ҷиддии хуруҷи Амрико аз паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд таъкид кард, дар сурати таҳаққуқи ин тасмим, Русия маҷбур хоҳад шуд, иқдомоти музоаферо барои тақвияти амнияти хеш дар назар бигирад.

Путин гуфт: Паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд нақше суботбахш дар ҷаҳон дошта ва сатҳи қобили пешбинӣ будани иқдомот ва боздорандагӣ дар арсаи низомиро афзоиш медиҳад.

Ба гуфтаи Путин: Маъмурияти аслии нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар соли оянда, тақвияти тавони сегонаи ҳастаӣ аст.

Мавзеи сахти Маскав дар қиболи эъломи хуруҷи Амрико аз паймони нерӯҳои ҳастаии миёнбурд бо таваҷҷуҳ ба докторини ҳастаии ҷадиди Амрико маъно пайдо мекунад, ки яке аз мавориди муҳими он сохт ва истиқрори таслиҳоти ҳастаии кӯчактар ва камтавонтар ба манзури афзоиши эҳтимоли истифода аз онҳо дар ҳар ҷанги эҳтимолӣ бо душманони Амрико ба хусус Русия аст.

 

Барчасп