Дархости Белгия барои таваққуфи фурӯши силоҳ аз Аврупо ба Арабистон
Вазири умури хориҷаи Белгия таваққуфи фурӯши таслиҳот ба саудиҳоро аз кишварҳои аврупоӣ хостор шуд.
Ба гузориши шабакаи хабарии Алҷазира, Диде Рейндерс, вазири умури хориҷаи Белгия бо ишора ба нишасти парлумони ин кишвар гуфт, ки аз кишварҳои аврупоӣ мехоҳад фурӯши таслиҳотро ба Арабистони Саудӣ, мутаваққиф кунанд.
Диде Рейндерс, чаҳоршанбешаб масъалаи содироти силоҳ ба Арабистонро баррасӣ кард, то ҳамаи намояндагони Белгия дар бораи ин масъала ба тавофуқи назар бирасанд.
Давлати Олмон низ пештар эълом кардааст, ки содироти силоҳ ба Арабистонро мутаваққиф мекунад.
Парлумони Аврупо низ авохири октябри 2018 аз кишварҳои аврупоӣ хост, содироти силоҳро ба Арабистон мутаваққиф кунанд.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба ҳамлаи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.
Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудану беш аз 14 ҳазори яманӣ, захмӣ шудан даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ, мунҷар шудааст.