Декабр 22, 2018 19:47 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи Покистон барои ҳузури кишварҳои арабӣ дар Афғонистон ба ҷои Амрико

Намояндаи мардуми Қандаҳор дар парлумон эълом кард, Покистон дар нишасти чаҳорҷонибаи Иморот бо Толибон пешниҳод кардааст, ки пас аз хурӯҷи низомиёни амрикоӣ, нерӯҳои Арабистони Саудӣ ва Иморот дар Афғонистон мустақар шаванд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Лолӣ Ҳамидзай, намояндаи мардуми Қандаҳор дар парлумони Афғонистон гуфт, генерал Роҳил Шариф, раиси Ситоди артиши собиқи Покистон, ки дар фармондеҳии ҷанги Яман нақш дошт, талош мекунад, то Арабистони Саудӣ ва Имороти муттаҳидаро розӣ кунад, ки ба Афғонистон нерӯ эъзом кунанд.

Ҳамидзай тасреҳ кард, бар асоси иттилооти мувассақ, яке аз пешниҳодоти Покистон дар нишасти Абу Забӣ, эъзоми нерӯҳои Арабистони Саудӣ ва Иморот ба Афғонистон будааст, то ҷилави нооромиҳои эҳтимолиро дар Афғонистон бигиранд.

Ин дар ҳоле аст, ки кишварҳои арабӣ аз ҷумла Иморот ва Арабистони Саудӣ пеш аз ин низ барои эъзоми нерӯ ба Афғонистон омодагӣ карда буданд, аммо ин мавзӯъ бо мухолифати сареҳи намояндагони парлумони Афғонистон рӯбарӯ шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба пешинаи кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки мумкин аст, Иморот ва Арабистони Саудӣ ба даъвати Амрико ва Покистон ба баҳонаи сулҳбонӣ барои ҳимоят аз ҷараёнҳои такфирӣ ва кумак ба ДИИШ ба Афғонистон нерӯ эъзом кунанд.

Бар ин асос, ҳузури низомёни иморотӣ ва саудӣ дар Афғонистон натанҳо мӯҷиби барқарории сулҳ нахоҳад шуд, балки раванди сулҳро бо чолишҳои ҷадиди минтақаӣ ва фароминтақаӣ, рӯбарӯ хоҳад кард.